Чанд сол пеш, барои навиштани як матни реклама ман 3–4 соат вақт сарф мекардам. Фикр мекардам, ҳар дафъа нав шурӯъ мекунам, ҳар дафъа аз сифр.
Имрӯз ҳамон корро дар 10 дақиқа анҷом медиҳам. Бо зеҳни сунъӣ.
Ин маънои онро надорад, ки ман кор намекунам. Маънои он дорад, ки кори ман тағйир кард — аз иҷрокор ба роҳбар. Ва ин тафовут бузург аст.
Кадом 5 кор?
1. Навиштани матни реклама
Пештар ман соатҳо ба ҷустуҷӯи калимаҳои дурусти фурӯш вақт мегузаронидам. Ҳоло ба ChatGPT ё Claude мегӯям, ки маҳсул чист, муштарии ман кист, ва чӣ натиҷа мехоҳам — ва дар 5 дақиқа 5–10 вариант дорам. Аз онҳо яке интихоб мекунам ва каме таҳрир мекунам. Claude-ро ҳоло бештар истифода мебарам — матнҳояш табиитар ба назар мерасад.
2. Ҷавоб додан ба паёмҳои муштариён
Муштариён саволҳои такрорӣ медиҳанд. Нарх чист? Чӣ қадар вақт мегирад? Чӣ дохил мешавад? Ман бо Claude шаблонҳои аниқ сохтам. Ҳоло ҳар ҷавоб дар 1–2 дақиқа омода аст — на 15 дақиқа. Оҳанг ва мазмун аз ман аст, AI танҳо зудтар менависад.
3. Идеяҳо барои контент
Ман як мавзӯ медиҳам — масалан, "чӣ тавр муштариро ёфтан" — ва AI(ChatGPT ё Claude) 10–15 идеяи пост, рилс, ё блог медиҳад. Аз онҳо интихоб мекунам ва кор мекунам. Дигар вақтро дар "чӣ нависам?" сарф намекунам.
4. Дизайн ва визуали контент
Canva AI дизайнро хеле зудтар мекунад. Ман шаблон интихоб мекунам, матнро медиҳам — ва AI рангҳо, шрифтҳо, ва ҷойгиришро пешниҳод мекунад. Баъзан тасвирҳоро ҳам AI месозад. Вақти дизайн аз 1 соат ба 15 дақиқа кам шуд.
5.Тадқиқоти бозор
Perplexity барои тадқиқот беҳтарин аст — зеро он аз интернет маълумоти воқеӣ ва навро меёбад. Ман мепурсам: рақибони ман кистанд, онҳо чӣ мефурӯшанд, нарх чист — ва дар чанд дақиқа тасвири равшан дорам. Вақте ки ChatGPT натиҷаи кӯҳна медиҳад, Perplexity маълумоти имрӯзаро меёбад.
Натиҷа?
Ин 5 кор ба ман пештар ҳар рӯз 3–4 соат вақт мегирифт. Ҳоло — камтар аз 1 соат. Ин вақти озодшуда ба корҳое мераванд, ки AI наметавонад анҷом диҳад: вохӯрӣ бо муштариён, тасмимгирӣ, рушди бизнес.
Ин маънои онро надорад, ки AI ҳама корро мекунад. Маънои он дорад, ки ту вақти бештар дорӣ барои корҳое, ки воқеан муҳиманд.
Оё ту ҳам метавонӣ?
Бале. Ин ба таҷрибаи техникӣ ниёз надорад. Ман ин асбобҳоро ба ҳамаи одамон нишон додам — ба соҳибкорон, ба онҳое ки навтавлид мекунанд бизнес.
Агар мехоҳӣ рӯйхати пурраи асбобҳои AI-ро, ки ман ҳар рӯз истифода мебарам, бигирӣ — ба Instagram-и ман биё ва зери охирин пост AI нависс. Онро ройгон мефиристам.