Чӣ гуна ман дар тӯли 8 соли муҳоҷират борҳо шикаст хӯрдам, вале тан надодам
9 сол пеш, дар ҳамин рӯзҳо, ман корманди фаъоли Телевизиони Тоҷикистон будам. Он вақт ҳаргиз фикр намекардам, ки ҳамагӣ як сол баъд замини Аврупо маро сӯйи худ хоҳад кашид.Чӣ гуна ман дар тӯли 8 соли муҳоҷират борҳо шикаст хӯрдам, вале тан надодам
Пас аз хонадор шудан, як сол баъд тақдир моро ба як кишвари аврупоӣ овард, ки 8 сол боз онро ватани муваққатии худ кардаем. Ҳоло мехоҳам дар бораи саргузашти 8-солаи худ нақл кунам. Саргузаште, ки маро аз рӯзноманигорӣ ва ватани азизам дур кард, бо ҳазор мушкил рӯбарӯ сохт ва дар ниҳоят ба касби дӯстдоштаи ман, яъне тиҷорат, расонд.

8 сол пеш.
Кишвари Лаҳистон.
Ману ҳамсарам танҳо.
На забони онҳоро медонистем ва на касеро мешинохтем.
Танҳо бо як ҷомадон либос ва таваккал ба Худо вориди ин кишвар шудем.
Дар пеш танҳо як роҳ буд:
Оғози зиндагии нав.
Забони нав.
Фарҳанги нав.
Ёру ошноҳои нав.
Ва касби нав.
Вале дар аввал осон набуд, ки якбора касбро иваз кунам. Ман худро аз сарсупурдаҳои риштаи рӯзноманигорӣ медонистам ва кӯшиш кардам, ки дар ин ҷо низ касбамро идома диҳам. Аммо нашуд.
Чун дидам, ки бе донистани забон имкони идома додани касб вуҷуд надорад, хостам ба дигар корҳо машғул шавам.
Аз кори сохтмон дар Русия дилгир шуда будам ва мехостам чизи наверо таҷриба кунам. Ҳамин тавр, ҳамчун ёрдамчии ошпаз дар як ресторани лаҳистонӣ кори аввали худро оғоз кардам. Пухтупаз бароям душвор набуд, вале барои он ки пули кофӣ ба даст орам, бояд то 13 соат дар як рӯз сари по кор мекардам. Пойҳоям безор шуда буданд.

Ҳамзамон як ошноям кори иловагӣ ҳам пайдо кард. Дар як бинои истиқоматӣ ҳамчун қаловур ва фаррош кор мекардам. Он вақт аллакай духтари ноздонаи ман ба дунё омада буд ва хароҷоти рӯзгор ҳам бештар шуда буд.
Дар миён бо як рафиқи тоҷик, ки аз ҳамкасбон буд, лоиҳаеро барои беҳбуди озодии баён ва матбуоти тоҷик роҳандозӣ кардем. Дар аввал ҳама чиз хуб буд ва як муддат ин лоиҳа маро аз корҳои сиёҳ дур кард ва ба ман барои идомаи касби рӯзноманигорӣ умед дод. Аммо ҳама чиз дар як муддати кӯтоҳ тағйир ёфт, чун фаҳмидам, ки мақсади ҳамкорам дигар будааст. Пас аз он барои ҳамеша аз рӯзноманигорӣ рафтам. Хуб ҳам кардам.
Аммо он вақт намедонистам, ки чӣ кор кунам. Мисли ҳазорҳо муҳоҷир кори сиёҳу сохтмонро ба гардан гирам ё чизи дигареро санҷам?
Чун аллакай таҷрибаи кор дар ресторанро доштам, хостам аввалин шуда ресторани тоҷикӣ дар Варшава кушоям. Аммо чӣ хел? Бепул. Бе кас.

Бо кӯмаки як созмон курси менеҷери гастрономияро бо нияти оғози бизнес хондам. Вале доштани сертификат кифоя набуд, то бизнесро оғоз кунам ё дар ин соҳа кор ёбам.
Бекор мондам. Аз маҷбурӣ дар як супермаркет ба кор даромадам. Кораш он қадар мушкил набуд, аммо он коре ҳам набуд, ки ман мехостам. Ба навиштани бизнесплан сар кардам, бо умеде ки шарик ё сармоягузоре пайдо кунам. Азбаски кори мағоза ба ман писанд набуд, пас аз шаш моҳ онро тарк кардам ва ба ҷустуҷӯи сармоя ва роҳҳои кушодани ресторани тоҷикӣ шурӯъ кардам. Дӯстон ва наздикон каме пул ҷамъ оварданд, аммо кифоя набуд. Азбаски бекор будам, ҳамон пули ҷамъшуда ҳам оҳиста-оҳиста кам мешуд.
Дар ҳамин миён шавқу ҳаваси соҳаи технология ва барномасозӣ пеши роҳам баромад ва маро мафтун кард. Аз баҳри идеяи бизнеси ресторандорӣ баромадам. Ҳарчанд ин кор осон набуд, чун ҳама нақшаҳо кашида шуда буданд ва ҳатто лого ва саҳифаҳои онлайнӣ низ барои он сохта будам. Аммо ҳамаашро як сӯ гузоштам ва ба омӯзиш сар кардам.
Якуним сол рӯзона корҳои сиёҳ мекардам ва шабҳою рӯзҳои истироҳатӣ меомӯхтам. Осон набуд, аммо умед ва мақсад корро саҳл мекард.
Бо мурури вақт барномасоз шудам. Қасди аввали ман омӯзиш ва ёфтани ҷойи кор буд. Аммо намедонистам, ки ёфтани ҷойи кор бе таҷриба ва бо дониши кам осон нест.

Пас мақсадро не, роҳро дигар кардам. Ба фрилансерӣ ва соҳибкорӣ гузаштам. Ин барои ман хеле ҷолиб буд, чун ҳар чизе ки омӯхта будам, метавонистам бевосита ба муштариён фурӯшам.
Аввалин муштарии худро пайдо кардам, аммо ҳанӯз дар ин кор таҷриба надоштам. Боварӣ ба худ кифоя буд, то бо таваккал ба ин кор даст занам. Азбаски лоиҳа бузург буд ва маблағи хуб ҳам дошт, онро дар муддати 2 моҳ анҷом додам ва ҳамзамон малакаи барномасозии худро низ такмил додам. Баъд аз он бо ҳамин роҳ корро идома додам.

Бо мурури вақт аз фриланс ба ташкили дастаи худ шурӯъ кардам. Ва ҳоло, шукри Худо, пас аз 4 соли омӯзиш ва меҳнат соҳиби тиҷорати хуб ва ояндадор ҳастам. Дар баробари ин тиҷорат, боз ба дигар лоиҳаҳо низ машғулам, ки ҳар яке таърихи худро дорад ва рӯзе дар бораи онҳо ҳам хоҳам навишт.
Муҳоҷират метавонад иҷборӣ бошад, аммо кору фаъолияти ту не. Агар хоҳӣ, дар муҳоҷират низ ба кору касби дилхоҳат мерасӣ. Ман тавонистам, ту ҳам метавонӣ.
Агар мехоҳӣ бизнеси худро сар кунӣ ва ба роҳбалад ниёз дорӣ, пас ҳатман ба курси ман номнавис шав. Фардои ту аз интихоби имрӯзаат вобаста аст. Дер накун!