Ҳар ҳафта аз навиди AI(зеҳни сунъӣ) ва бардоштҳо худ барои шумо азизон хабарнома менависам, ва барои онҳое, ки ҳанӯз обуна нашудаанд, онро дар сайт чанд рӯз пас нашр мекунам.
Ин ҳафта(8–15 август) AI боз як қадам ба пеш гузошт. Инак 8 чизе, ки воқеан рӯй дод — бе оби гап, бо фикри ман дар паҳлӯяш.
1. Gemini акнун бо барномаҳои дигар кор мекунад
Google Gemini имкон гирифт, ки бевосита бо Wix, Otter.ai, OpenTable ва чанд барномаи дигар пайваст шавад — на танҳо ҷавоб медиҳад, балки амал мекунад: сайт таҳрир мекунад, ҷой банд мекунад.
2. Claude акнун дар браузер «кор мекунад», на танҳо ҷавоб медиҳад
Anthropic (созандаи Claude) экрани канории Chrome-ро ба сессияи пурраи Cowork табдил дод: Claude метавонад маълумотро аз саҳифаҳо ҷамъ кунад ва мустақим ба файли Excel, слайди PowerPoint ё ҳисобот табдил диҳад — ҳатто фурӯшро дар Salesforce сабт кунад.
Ду хабари болоӣ як чизро мегӯянд: AI аз «ҷавобдиҳанда» ба «иҷрокунанда» мегузарад. Барои бизнеси хурд ин маънои автоматикунонии бештарро дорад — на фардо, балки ҳозир.
3. ChatGPT акнун Google Docs, Sheets ва Slides-ро дарунаш таҳрир мекунад
Дигар лозим нест, ки байни ChatGPT ва Google Docs гардиш кунӣ — ҳуҷҷат, ҷадвал ё презентатсияи Google-ро мустақим дар дохили чат кушода, таҳрир карда метавонӣ. Агар ҳар рӯз бо ҳуҷҷатҳо кор кунӣ, ин вақтро сарфа мекунад.
4. ChatGPT акнун ресторани туро бевосита банд мекунад
Тавассути OpenTable, Resy ва Yelp, ChatGPT метавонад вақт, шумораи одамон ва навъи хӯрокро муқоиса карда, ҷои дар ресторан банд кунад — бе баромадан аз чат. Мисоли хурди он, ки AI-ассистент чӣ гуна ба «дасти рости» соҳиби бизнес табдил меёбад.
5. Модели пурқуввати AI аз DeepSeek комилан кушода шуд
Ширкати чинии DeepSeek ин ҳафта модели V4-и худро бо литсензияи кушода (MIT) паҳн кард, ки дар кодкунӣ ва вазифаҳои мураккаб бо моделҳои гаронбаҳо рақобат мекунад — вале то 60% арзонтар. Агар буҷаат маҳдуд аст, ин имконияти хуб барои озмоиш аст.
6. AI 10 масъалаи риёзию илмии солҳо ҳалнашударо ҳал кард
Системаи нави OpenAI бо номи Astra ин ҳафта расман муаррифӣ шуд — бо тахминан 2000 доллар хароҷоти API, 10 масъалаи мураккаби риёзӣ ва илми компютериро, ки солҳо ҳал нашуда буданд, ҳал кард. Ин нишон медиҳад, ки AI акнун қобилияти таҳқиқоти воқеӣ дорад, на танҳо такрори маълумот.
7. Google Gemini-и нав — 3.7 Flash — баромад: зирактар ва ду баробар арзонтар
Танҳо се ҳафта пас аз версияи пешина. Дар кодкунӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои мураккаб (молия, ҳуқуқ, тиҷорат) ва вазифаҳои автоматии корӣ беҳтар — ва нархаш то охири соли 2026 нисфи модели пешина аст. Суръати рушди AI имсол чунин аст: се ҳафта — як версияи нав.
8. Як абзори маъмули AI барои ҷаласаҳо маълумоти 84 ҳазор корбарро дарз кард
Тадқиқотчии амниятӣ ошкор кард, ки tl;dv — абзори AI барои ҷамъбасти ҷаласаҳои Zoom ва Meet — беш аз 181 000 сабти ҷаласаро бидуни ҳифзи дуруст гузошта буд, ки ҳар корбари воридшуда метавонист бинад.
Ман ба ту ваъдаи дурӯғ намедиҳам: AI қавист, вале сеҳр нест. Агар абзори AI-ро барои ҷаласаҳои дорои маълумоти ҳассос истифода мебарӣ — пеш аз интихоб, шартҳои амниятиашро тафтиш кун.
Ва як хабари нав аз ман
Канали YouTube-ам зинда шуд: youtube.com/@sanjarhoshimi
Дар он ҷо ба тариқи комилан ройгон ба ту меомӯзонам, ки чӣ гуна аз AI дар бизнес истифода барӣ — бидуни сеҳр, бидуни фиреб, танҳо чизҳое, ки худам ҳар рӯз истифода мебарам.
Эпизоди аввал (муаррифӣ) ба зудӣ мебарояд. Ҳозир обуна шав, то онро аввалин шуда бинӣ.