Феҳристи 8 асбоби AI барои видеосозӣ: тарҳи бепул, нарх ва барои кадом кор мувофиқанд — Kling, Google Flow, Pika, Runway ва дигарон.
Рақибони ту аллакай бо AI видео месозанд. Дар ҳоле ки ту ҳанӯз фикр мекунӣ, ки барои як реклама лозим аст студия киро кунӣ, оператор гирӣ ва рӯзҳо мунтазир шавӣ.
Ман ин корро дигар хел мекунам. Дар кори худ ҳар рӯз аз асбобҳои AI истифода мебарам — на аз рӯи мода, балки чунки натиҷа медиҳанд: вақт кам мешавад, харҷ кам мешавад ва сифат баланд мемонад.
8 асбоби AI барои видеосозӣ ҳаст, ки метавонӣ ҳоло худат санҷӣ — аз Kling ва Google Flow то CapCut ва Vidu Q2. Ҳар кадоме тарҳи бепул дорад, вале барои кори ҷиддӣ бояд пулакӣ шавӣ. Агар вақт кам дорӣ — аз CapCut сар кун, чун муҳаррираш ройгон аст ва барои монтажи ниҳоӣ ҳам лозим мешавад.
1. Kling AI
Барои чӣ мувофиқ аст: видеоҳои воқеӣ ва синамоӣ — ҳаракати одам, манзара, реклама бо ҳаракати табиӣ. Яке аз беҳтаринҳо дар бозор аз рӯи сифати ҳаракат.
Тарҳи бепул: ҳар рӯз 66 кредит медиҳад, вале дар 24 соат аз байн меравад. Резолютсия то 360–540p, тамға (watermark) намемонад, ҳуқуқи истифодаи тиҷоратӣ нест. Барои санҷиш хуб, барои кори доимӣ кам аст.
Нарх: Standard — тахминан 10 $/моҳ (660 кредит), Pro — 37 $/моҳ, Premier — 92 $/моҳ, Ultra — 180 $/моҳ.
2. Google Flow (бо Veo 3.1)
Барои чӣ мувофиқ аст: асбоби расмии Google барои «филмсозӣ» бо AI. Veo 3.1 садоро ҳам месозад — на танҳо видео, балки бо овоз ва садои муҳит. Барои сцена, диалог ва видеои сифати баланд хуб.
Тарҳи бепул: 100 кредити якдафъаина + 50 кредит ҳар рӯз, вале бе функсияи «Ingredients» (истифодаи чанд тасвир барои сохтани як видео).
Нарх: дар дохили обунаи Google AI Pro — тахминан 20 $/моҳ (1000 кредит), Google AI Ultra — 100 $/моҳ (10 000 кредит). Барои корбарони серистифода тарҳи Ultra 20x ҳам ҳаст — тахминан 200 $/моҳ.
3. Pika
Барои чӣ мувофиқ аст: эффектҳои эҷодӣ ва «бозингарӣ» бо видео — трансформатсия, анимацияи хандаовар, форматҳои кӯтоҳ барои Reels ва TikTok. Барои контенти сабук ва вирусӣ хуб.
Тарҳи бепул: 80 кредит дар моҳ, вале танҳо 480p, бо тамға ва бе ҳуқуқи истифодаи тиҷоратӣ.
Нарх: Standard — тахминан 10 $/моҳ (700 кредит), Pro — 35 $/моҳ (2300 кредит), Fancy — 95 $/моҳ (6000 кредит). Бо обунаи солона арзонтар мешавад.
4. Luma Dream Machine
Барои чӣ мувофиқ аст: видеои сифати баланд бо ҳаракати камера воқеӣ — хуб барои реклама ва видеои маҳсулот. Модели Ray2-и ин ширкат аз рӯи ҳаракати табиӣ маъруф аст.
Тарҳи бепул: дар тарҳи қаблӣ (legacy) миқдори маҳдуди генератсия медиҳад — барои санҷиши аввал кофӣ.
Нарх: тарҳи қаблӣ — Lite тахминан 10 $/моҳ, Plus 30 $/моҳ, Unlimited 95 $/моҳ. Тарҳи нав (Agents, аз соли 2026) бепул надорад — Plus 30 $/моҳ, Pro 90 $/моҳ, Ultra 300 $/моҳ, вале ҳаҷми истифода то 15 маротиба зиёдтар аст.
5. Runway (Gen-4.5)
Барои чӣ мувофиқ аст: асбоби «профессионалӣ»-и AI видео — аз рӯи рейтинги мустақил яке аз пешсафҳо. Хуб барои монтажи мураккаб, кори студиягӣ ва брендҳое, ки ба сифат таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.
Тарҳи бепул: 125 кредити якдафъаина, вале бе дастрасӣ ба модели видеосозии асосӣ (Gen-4). Барои матн-ба-тасвир ва матн-ба-садо истифода мешавад.
Нарх: Standard — тахминан 12 $/моҳ (625 кредит), Pro — 28 $/моҳ (2250 кредит), Max — 76 $/моҳ (9500 кредит). Модели Gen-4.5 дар як сония тахминан 25 кредит мехӯрад — яъне бо тарҳи Standard тахминан 25 сония видео дар моҳ месозӣ.
6. Higgsfield AI
Барои чӣ мувофиқ аст: эффектҳои ҳаракати камера ва сабки синамоӣ — барои видеоҳое, ки бояд «ҳиссиёт» дошта бошанд, на танҳо ҳаракат. Хуб барои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тарҳи бепул: хеле маҳдуд — тахминан 2 видео дар моҳ, 5 сония ҳар кадом, 720p, бо тамға.
Нарх: Starter — тахминан 19 $/моҳ (270 кредит), Plus — 59 $/моҳ, Ultra — 129 $/моҳ, тарҳи Business (барои даста) — 89 $/моҳ барои ҳар корбар.
7. CapCut AI (бо модели Hailuo)
Барои чӣ мувофиқ аст: на танҳо видеосозии AI, балки муҳаррир (editor) — яъне видеои сохташударо ҳамон ҷо монтаж, субтитр ва овоз мекунӣ. CapCut дар дохили худ модели Hailuo (аз MiniMax)-ро ҳам пайваст кардааст барои сохтани видео аз матн.
Тарҳи бепул: муҳаррир пурра бепул — буриш, чандқабата (multi-track), keyframe, chroma key, овози AI-и оддӣ, содироти 1080p. Барои сохтани видео бо Hailuo дар CapCut миқдори маҳдуди генератсия бепул медиҳад.
Нарх: CapCut Pro — тахминан 8–20 $/моҳ (вобаста ба минтақа), бо тӯлкити пурраи AI, содироти 4K ва бе тамға. Худи Hailuo (алоҳида, дар minimax.io) — бепул 200 кредит барои 3 рӯз, сипас тарҳҳо аз тахминан 8 $/моҳ (1000 кредит) то 200 $/моҳ (тарҳи Max).
8. Vidu Q2
Барои чӣ мувофиқ аст: асбоби нисбатан нав, вале қавӣ — модели Q2-и он «reference-to-video»-ро дорад, яъне ту метавонӣ якчанд тасвир (одам, ашё, фон) диҳӣ ва Vidu аз онҳо як видеои воқеан мувофиқ месозад. Барои брендҳое, ки бояд як персонаж ё маҳсулотро дар видеоҳои гуногун якхела нигоҳ доранд, хеле фоиданок.
Тарҳи бепул: кредити рӯзона медиҳад барои санҷиши модел — миқдор вобаста ба минтақа фарқ мекунад.
Нарх: тарҳҳо аз тахминан 10 $/моҳ сар мешаванд. Чунки Vidu нархномаро зуд-зуд иваз мекунад, пеш аз обуна ҳатман дар vidu.com санҷ.
Кадомашро аввал санҷӣ?
Агар ҳоло бо буҷаи сифр сар кунӣ мехоҳӣ — аз CapCut сар кун: муҳаррир бепул аст ва барои монтажи ниҳоӣ ҳам лозим мешавад.
Агар видеои воқеан синамоӣ бо ҳаракати табиӣ лозим бошад — Kling ё Google Flow.
Агар брендатро бо як персонажи ҳамешагӣ дар видеоҳои гуногун нишон додан хоҳӣ — Vidu Q2.
Агар барои Reels контенти сабук ва зуд лозим бошад — Pika ё Higgsfield.
Мехоҳӣ аз навгониҳои AI(зеҳни сунъӣ) ва истифодаи он дар бизнес бештар омӯзӣ? Пас ба хабарномаи ман номнавис шав. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе бароят мақола аз навгониҳои бизнесро бо таҷрибаву бардоштҳои худ бароят мефиристам.