Чанд сол пеш барои сохтани як сайти оддӣ ман рӯзҳо, баъзан ҳафтаҳо вақт сарф мекардам. Дизайн, код, мутобиқ кардан ба телефон — ҳама дастӣ буд. Имрӯз ҳамон корро дар ним соат, бо як промт ва AI анҷом медиҳам. Ва натиҷа на танҳо тезтар, балки зеботар мебарояд.
Ман солҳост, ки сайт месозам ва дар кори воқеӣ бо муштариён кор мекунам. Бисёр асбобҳои AI-ро санҷидаам — Lovable ва дигар “AI website builder”-ҳоро. Ба фикри ман, барои сохтани сайти воқеӣ ва касбӣ беҳтарин вариант имрӯз Framer аст. Дар ин мақола қадам ба қадам нишон медиҳам, ки чӣ тавр ту ҳам метавонӣ онро ройгон оғоз кунӣ.
Чаро маҳз Framer?
Фарқи асосии Framer аз дигар асбобҳо дар сифати натиҷа аст.
- Пурра responsive. AI худаш версияи десктоп, планшет ва телефонро месозад. Ту лозим нест, ки барои ҳар экран алоҳида кор кунӣ — сайт дар ҳама дастгоҳ дуруст менамояд.
- Дизайни воқеан касбӣ. Lovable ва бисёр асбобҳои дигар сайти “оддӣ” мебароранд. Framer аз аввал ҳамчун асбоби дизайнерҳо сохта шудааст, бинобар ин натиҷа премиум ва тоза мебарояд.
- Назорати пурра. Баъд аз он ки AI сайтро сохт, ту метавонӣ ҳар як қисматро дастӣ ё боз бо ёрии AI тағйир диҳӣ. Ту дар “қуттии сиёҳ” гирифтор намешавӣ.
Қадам ба қадам: аз сифр то сайти тайёр
Қадами 1 — Дар Framer бақайдгирӣ кун
Ба сайти framer.com даро ва ҳисоби ройгон соз. Корти кредитӣ лозим нест. Баъд лоиҳаи нав (New Project) кушо — як саҳифаи холӣ пеши ту мекушояд.

Қадами 2 — Панели Agent-ро кушо
Дар тарафи рост панели Agent-ро мебинӣ — ҳамин ҷо бо AI сӯҳбат мекунӣ. Дар боло метавонӣ моделро интихоб кунӣ (Sonnet, Opus ё GPT). Барои корҳои мураккаб ман Opus-ро истифода мебарам — натиҷааш аз ҳама беҳтар аст.

Қадами 3 — Промти дуруст тайёр кун (ин қисми муҳимтарин аст)
Ин ҷо сирри асосӣ: худат промт нанавис. Ман ба ҷои худам аз Claude ё ChatGPT хоҳиш мекунам, ки промти муфассал нависад.
Чаро? Зеро AI вақте натиҷаи хуб медиҳад, ки промт аниқ бошад — бо рангҳо, сохтор, матни тайёр ва услуб. Худат навиштани ин ҳама вақт мегирад. Аммо Claude инро дар як дақиқа барои ту менависад.
Ман ба Claude мегӯям: “Барои ман як промти муфассал барои Framer нависад, ки сайти фалон ширкатро созад”, матну рангҳоро медиҳам — ва ӯ промти омодаро мебарорад.
Қадами 4 — Промтро ба Agent гузор
Промтеро, ки Claude навишт, нусхабардорӣ кун ва ба панели Agent гузор. Тугмаро пахш кун ва интизор шав.
Қадами 5 — Бигзор AI кор кунад
Дар чанд дақиқа Framer тамоми сайтро месозад — Hero, бахшҳо, тугмаҳо, галерея, формаи тамос. Ва дар як вақт версияи десктоп, планшет ва телефонро тайёр мекунад. Ту мебинӣ, ки AI кадом қисматҳоро тағйир медиҳад.
Қадами 6 — Аз назар гузарон ва ислоҳ кун
Натиҷаро бо чашми худ бубин. Чизе писандат наомад? Боз ба Agent навис: “ин бахшро калонтар кун”, “рангро дигар кун”, “ин матнро иваз кун”. Ислоҳ кардан ҳам осон аст. Маслиҳати ман: ба ҷои дастурҳои калон, дастурҳои хурд ва аниқ бидеҳ — натиҷа беҳтар мешавад.
Қадами 7 — Нашр кун (Publish)
Вақте ҳама чиз тайёр шуд, тугмаи Publish-ро пахш кун. Сайти ту дар як сония дар интернет мешавад.
Дар бораи нусхаи ройгон — рост гӯям
Як чизро ҳалол бигӯям, то баъд ноумед нашавӣ:
- Кредитҳои ройгон ҳамарӯза маҳдуданд. Нусхаи ройгон дар як рӯз ба ту миқдори муайяни кредит медиҳад — тақрибан барои сохтани як сайти пурра дар як рӯз кифоя аст. Фардо боз нав мешавад. Яъне ту наметавонӣ дар як рӯз даҳ сайт созӣ, аммо барои як лоиҳа кофӣ аст.
- Домени шахсӣ пулакӣ аст. Дар нусхаи ройгон сайт дар домени Framer нашр мешавад (масалан,
номи-ту.framer.website). Барои пайваст кардани домени худат (масалан,nomi-tu.tj) бояд ба нақшаи пулакӣ гузарӣ — аз тақрибан $10 дар як моҳ.
Барои санҷидан, омӯхтан ва сохтани сайти аввалинат нусхаи ройгон комилан кофӣ аст.
Намунаи воқеӣ — промте, ки ман истифода бурдам
Барои як сайти ширкати сохтмонӣ бо номи “Хона” ман ҳамин промтро (Claude навишта буд) ба Framer додам. Диққат деҳ: худи промт ба забони англисӣ навишта шудааст, аммо матни сайт ба тоҷикӣ боқӣ мондааст — ин усул натиҷаи беҳтар медиҳад:
Build a modern, engaging landing page for a home development and construction company called Хона. Clean, premium aesthetic with generous white space, large architectural imagery, smooth scroll animations, and a warm neutral palette (cream, charcoal, soft terracotta accents). Mobile-first and responsive.
All copy must stay exactly as written below in Tajik. Do not translate or rewrite it.
Use a sticky header with the logo "Хона" and nav links: Асосӣ, Дар бораи мо, Хидматҳо, Лоиҳаҳо, Назарҳо, Тамос.
Hero
Headline: Хонаи орзуҳои шумо ин ҷо сохта мешавад
Subheadline: Аз нақша то калид — мо хонаҳои муосир, устувор ва зебо месозем.
Button: Машварати ройгон гиред
Дар бораи мо
Хона ширкати сохтмонист, ки ба сифат, эътимод ва тарҳи муосир арзиш медиҳад. Мо на танҳо хона месозем — мо фазои зиндагӣ меофарем.
Хидматҳои мо (3 cards with icons)
Лоиҳакашӣ — Тарҳи беназир барои ҳар як оила.
Сохтмон — Аз заминсозӣ то ороиши ниҳоӣ.
Таъмир — Навсозии хонаҳои кӯҳна бо стандартҳои нав.
Чаро Хона? (3–4 short points)
Сифати кафолатнок
Иҷро дар мӯҳлати муайяншуда
Нархи шаффоф
Дастаи ботаҷриба
Лоиҳаҳои мо — gallery section for project photos.
Назарҳо (testimonials section — 3 cards, each with name, role, and quote. Clean cards on a soft neutral background, subtle shadows, large opening quotation mark or 5-star rating above each quote, smooth fade-in on scroll.)
Фарход Раҳимов, соҳибхона
"Хона хонаи моро дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохт. Ҳар як ваъдаашонро иҷро карданд."
Наргиса Каримова, соҳибхона
"Аз лоиҳакашӣ то калид — ҳама чиз шаффоф ва осон буд. Дастаи касбӣ ва боэътимод."
Ҷамшед Назаров, соҳиби бизнес
"Таъмири хонаамро ба Хона супоридам ва пушаймон нашудам. Натиҷа аз интизориам беҳтар баромад."
Тамос
Headline: Биёед хонаи шуморо якҷоя созем
Button: Бо мо дар тамос шавед
Simple contact form: Ном, Рақами телефон, Паём.
Натиҷа? Дар чанд дақиқа як сайти комил, зебо ва пурра responsive — бо ҳамон матни тоҷикии ман, бе як ҳарф тағйир.
Хулоса
Имрӯз барои сохтани сайт ту лозим нест, ки барномасоз бошӣ ё ҳазорҳо доллар пардозӣ. Бо як асбоби дуруст — Framer — ва як промти хуб аз Claude, ту метавонӣ дар як рӯз сайти касбӣ созӣ. Ройгон оғоз кун, биозмо, ва вақте омода шудӣ, доменатро пайваст кун.
Аз таҷрибаи ман: ин роҳи беҳтарин барои сохтани сайт бо AI аст. Биозмо ва худат бубин.