10 промти ChatGPT барои эҷоди контент

10 промти муфид барои ChatGPT

Ман дигар барои контент соатҳо фикр намекунам. Ин 10 промти ChatGPTро ман қариб ҳамаруза дар корам истифода мебарам. Агар ту ҳам онҳо истифода кунӣ, корат осонтар мешавад.

Як вақт барои ҳар пост — аз ғоя то капшн — қариб як соат вақт мерафт. Ҳоло ин корро бо ChatGPT дар якчанд дақиқа иҷро мекунам. На бо ягон сеҳр — бо ҳамин 10 promt-е, ки поён меорам. Ҳамонҳое, ки худам ҳар рӯз истифода мебарам.

Ҳар promt-ро нусхабардорӣ кун, ба ChatGPT гузор, ва ба ҷои матни дар қавс овардашуда мавзӯи худатро гузор. Барои ҳар promt ду вариант овардам — англисӣ (ChatGPT ба забони англисӣ беҳтар кор мекунад) ва тоҷикӣ (агар нависондан ба забони англисӣ ба ту қулай набошад).

1. Ғоя ёфтан

Пеш аз ин соатҳо менишастам фикр мекардам — «имрӯз чӣ нависам?». Ҳоло мавзӯъ ва ҳадафи аудиторияро мегӯям, ChatGPT дар якчанд сония 10 ғоя медиҳад.

Act as a content strategist for Instagram. My audience is [аудиторияи ту, масалан: Tajik-speaking young entrepreneurs aged 18–35]. Give me 10 content ideas about [мавзӯъ]. For each idea, give a one-line hook and the core takeaway.

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Ту стратеги контент барои Instagram ҳастӣ. Аудиторияи ман [аудитория]. 10 ғояи контент дар бораи [мавзӯъ] пешниҳод кун. Барои ҳар ғоя як хати hook ва фикри асосиро нишон деҳ.

Натиҷа: 30 дақиқа фикр кардан → 2 дақиқа пурсидан

2. Хати аввали пост (Hook)

Хати аввал муҳимтарин қисми ҳар пост аст — гумаш кунӣ, касе давом намедиҳад.

Write 3 scroll-stopping hooks (first lines) for a social media post about [мавзӯъ]. Keep each under 12 words. Make them direct and emotionally sharp, not generic. Avoid clichés like "In today's world."

Тарҷумаи тоҷикӣ:

3 хати аввали ҷалбкунанда (hook) барои пости шабакаи иҷтимоӣ дар бораи [мавзӯъ] нависи. Ҳар кадом на бештар аз 12 калима бошад. Мустақим ва ҳиссиётан қавӣ нависи, на клише монанди «Дар ҷаҳони имрӯза».

Натиҷа: hook беҳтар, вақти камтар

3. Скрипти Reel

Мавзӯъро медиҳам, ChatGPT сохтори «hook → контент → CTA»-ро месозад, баъд бо овози худам такмил медиҳам.

Write a 30-second Instagram Reel script about [мавзӯъ]. Structure: hook (first 2 seconds), 3 short points, call to action. Write it as if spoken out loud, in short punchy sentences.

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Скрипти 30-сонияи Reel дар бораи [мавзӯъ] нависи. Сохтор: hook (2 сонияи аввал), 3 нуктаи кӯтоҳ, даъват ба амал (CTA). Мисли гуфтугӯи шифоҳӣ, бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва тез нависи.

Натиҷа: скрипт дар 5 дақиқа, на 1 соат

4. Капшн навиштан

Капшнро худам менависам, вале ChatGPT бо вариантҳо ёрӣ медиҳад — расмӣ, дӯстона, кӯтоҳ. Интихоб бо ман аст, на бо мошин.

Write 3 caption variations for a post about [мавзӯъ]: one formal/professional, one casual/friendly, one short (under 40 words). Each should end with a soft call to action.

Тарҷумаи тоҷикӣ:

3 вариант капшн барои пости дар бораи [мавзӯъ] нависи: як расмӣ/касбӣ, як дӯстона, як кӯтоҳ (то 40 калима). Ҳар кадом бо даъвати мулоими амал хотима ёбад.

Натиҷа: 3 вариант дар як лаҳза

5. Hashtag ва калидвожа

ChatGPT барои мавзӯи ту 15–20 hashtag пешниҳод мекунад, ки ба аудитория рост меояд.

Suggest 20 relevant Instagram hashtags for a post about [мавзӯъ], targeting [аудиторияи ту]. Mix broad, niche, and location-based hashtags. Avoid banned or overused generic tags.

Тарҷумаи тоҷикӣ:

20 hashtag-и марбут ба Instagram барои пости дар бораи [мавзӯъ] пешниҳод кун, ки ба [аудитория] нигаронида шудааст. Hashtag-ҳои васеъ, нишамонанд (niche) ва вобаста ба ҷойро омехта кун. Аз hashtag-ҳои манъшуда ё аз ҳад зиёд истифодашуда худдорӣ кун.

Натиҷа: тадқиқот кам, дурустӣ бештар

6. Таҳрир ва кӯтоҳ кардан

Вақте матн дароз мешавад, мегӯям «ин матнро кӯтоҳ кун, вале маъниро нигоҳ дор». Кор зуд иҷро мешавад.

Shorten this text to half its length without losing the core meaning or tone. Keep it natural, not robotic:

[матни худ]

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Ин матнро то нисфи дарозиаш кӯтоҳ кун, вале маъно ва оҳангро нигоҳ дор. Табиӣ нависи, на мошинвор:

[матни худ]

Натиҷа: матни тоза, вақти сарфашуда

7. Тарҷума

Барои дастрасии бештар, баъзан паём ба забони дигар лозим мешавад. ChatGPT дар якчанд сония тарҷума мекунад — ман танҳо оҳангро тафтиш мекунам.

Translate this text into [забон], keeping the tone casual and direct — not overly formal:

[матни худ]

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Ин матнро ба [забон] тарҷума кун, оҳанги оддӣ ва мустақимро нигоҳ дор — на аз ҳад зиёд расмӣ:

[матни худ]

Натиҷа: дастрасии калонтар бе харҷи вақт

8. Нақшаи ҳафтаина

Мавзӯъҳои моҳро медиҳам, ChatGPT нақшаи 7-рӯзаро месозад — кай чӣ пост гузорам, бо кадом мавзӯъ.

Create a 7-day content calendar for Instagram based on these topics: [рӯйхати мавзӯъҳо]. For each day, suggest the format (Reel, carousel, single post) and a one-line content angle.

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Дар асоси ин мавзӯъҳо як нақшаи контенти 7-рӯза барои Instagram созед: [рӯйхати мавзӯъҳо]. Барои ҳар рӯз формат (Reel, карусел, пости оддӣ) ва як хати кӯтоҳи ғояро пешниҳод кун.

Натиҷа: нақша дар 5 дақиқа, на 1 рӯз

9. Таҳлили капшнҳои гузашта

Капшнҳои қаблиро медиҳам, мегӯям кадомаш беҳтар кор кард. ChatGPT нусхаи навро дар ҳамон услуб пешниҳод мекунад.

Here are 3 of my past captions that performed well: [капшнҳои худ]. Analyze what makes them work (tone, structure, hook style), then write a new caption in the same style about [мавзӯи нав].

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Ин 3 капшни қаблии ман, ки хуб кор карданд: [капшнҳо]. Таҳлил кун, ки чӣ онҳоро муваффақ мекунад (оҳанг, сохтор, услуби hook), баъд капшни нав дар ҳамон услуб дар бораи [мавзӯи нав] нависи.

Натиҷа: такрори муваффақият, на тахмин

10. Санҷиши садо ва бренд

Пеш аз нашр кардан, метавонӣ бипурсӣ, ки оё матн ба садои бренди ту мувофиқ аст ё не.

Review this text and tell me honestly if the tone matches a direct, practical, no-hype brand voice aimed at [аудиторияи ту]. Flag anything that sounds generic, overly formal, or like typical "AI writing."

[матни худ]

Тарҷумаи тоҷикӣ:

Ин матнро баррасӣ кун ва самимона бигӯ, ки оё оҳанги он ба садои бренди мустақим ва бидуни ҳашамат мувофиқи [аудитория] аст ё не. Ҳар чизеро, ки умумӣ, аз ҳад зиёд расмӣ, ё монанди «навишти AI-и маъмулӣ» садо медиҳад, нишон деҳ.

[матни худ]

Натиҷа: санҷиши сифат пеш аз нашр

Хулоса

Ин 10 promt-ро ман худам дар кор истифода мебарам — на назария. Онҳо вақти маро сарфа мекунанд, вале ғояи асосӣ, интихоб ва садои ниҳоӣ ҳамеша бо ман мемонад.

Агар мехоҳӣ бештар дар бораи истифодаи AI дар бизнес биёмӯзӣ, маро дар Instagram пайгирӣ кун: @sanjarhoshimi